Мусодираи навбатии маводи мухаддир

Декабрь 26, 2013 11:39

Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Кормандони гумруки вилояти Хатлон беш аз 26 килограмм маводи мухаддирро мусодира намуданд. Тавре ки сардори маркази матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон Нурулло Шарифов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар натиҷаи амалиёти махсус ду нафар шаҳрвандони ҶТ – Фазлиддин Саидови 25 – сола ва Муҳаммад Маҳмадиеви 19 – сола, ки сарҳади давлатии ҷумҳуриро хилофи қонун убур карданӣ буданд, дастгир намуда, аз онҳо миқдори зиёди маводи мухаддирро мусодира карданд. Назар ба хабари сардори маркази матбуоти Хадамоти гумрук, дар натиҷаи таҷзияи озмоишгоҳ маълум шуд, ки маводи мусодирашудаи мухаддир иборат аз 10 килограмму 737,7 грамм гашиш ва 15 килограмму 462,4 грамм тарёк будааст.Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст.

Декабрь 26, 2013 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ