Нашри Фарҳанг аз сӯи Парлумон

Декабрь 19, 2013 11:02

   Душанбе, 19 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Фарҳанги   истилоҳоти иқтисод,  молия ва буҷет дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар нашриёти «R-Grahp» -и Душанбе аз чоп баромад.  
                Фарҳанги мазкур аз тарафи  гуруҳи кории  Парлумони Тоҷикистон таҳти роҳбарии  Сафаралӣ Раҷабов-раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон  оид ба иқтисод ва молия  таҳия шудааст. Ҳадаф аз таҳияи ин фарҳанг такмили маърифати ҳуқуқиву иқтисодии субъектҳои  муносибатҳои иқтисодӣ ва афзудани  самаранокии  татбиқи қонунҳоест, ки аз ҷониби Парлумони кишвар қабул гардидаанд. Фарҳанги мазкур бобати танзими тамоми истилоҳоти иқтисодию молиявӣ, аз ҷумла истилоҳоти  буҷетии дар қонунгузорӣ ва дигар  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодашаванда,  бо мақсади ба вуҷуд овардани замина  ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши иқтисодӣ ва ҷалби бештари шаҳрвандон ва ҷомеа ба иттилооти иқтисодию молиявӣ таҳия ва мунташир гардидааст. Дар «Фарҳанги истилоҳоти  иқтисод,  молия ва буҷет дар қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон» қариб  700 мафҳуми иқтисодие, ки дар қонунгузории кишвар истифода мешавад, гирд оварда шудааст. 
   Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор,  вакили Маҷлиси намояндагон Лутфулло Саидмуродов дар сарсухани фарҳанги тозанашр гуфтааст:  «Фарҳанги мазкур барои бартараф намудани шарҳу дарки мазмун ва муҳтавои мухталифи муносибатҳои иқтисодӣ дар низоми миллии иқтисодии  замони гузариш нақши муассир мебозад». Фарҳанги мазкур бо дастгирии Бонки  Ҷаҳонӣ дар доираи татбиқи  Лоиҳаи «Таҳкими иқтидори Парлумон  дар бахши молияи давлатӣ» бо теъдоди 500 нусха мунташир гардидааст.
Ҳамзамон фарҳанги мазкур дар шакли электронӣ низ омода шудааст. 

Декабрь 19, 2013 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд