Озмун ба ифтихори 3000-солагии Ҳисор
Душанбе, 20 декабр.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- 19 декабр бо ибтикори садорати факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзӯи “Ҳисор-маркази таърихию фарҳангии тоҷикон” миёни факултаҳо озмун доир гардид. Садорати факултаи таърих барои гузарондани ин чорабинӣ барои тайёр кардани навори видеоиву роликҳо аз таърихи Қалъаи Ҳисор як гуруҳи донишҷӯёни болаёқатро ба ин мавзеъ фиристода буд ва пеш аз оғози озмун аз тариқи проектор наворҳо ва аксҳо намоиш дода шуданд.Озмунро декани факултаи таърих Насрулло Убайдуллоев ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр кард, ки гузарондани чунин чорабиниҳо бо мақсади баланд бардоштани худшиносии миллии ҷавонон ва арҷ гузоштан ба ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ мебошад. Баъд аз иҷрои шарти аввал ва эълони холҳои дастаҳо, мутахассисони Созмони кор бо ҷавонон ба тасвири газетаҳои деворӣ ба дастаҳо баҳогузорӣ намуданд. Дар ин бора котиби матбуотии Донишгоҳи омӯзгорӣ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






