ПСС ва Бонки ҷаҳонӣ бахши кишоварзиро дастгирӣ мекунанд
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар»).- Чанде пеш дар шаҳри Душанбе мулоқоти Раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид бо намояндагони лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ оид ба тиҷорати бахши кишоварзӣ Гарри Христенсен ва Ҷеки Бордман баргузор гардид. Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масоили лоиҳаи нави Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати дастгирии бахши кишоварзӣ, аз ҷумла савдои маҳсулоти кишоварзӣ, кор бо хоҷагиҳои фермерию деҳқонӣ, рушди равобити бахши инфиродию давлатӣ, масоили ҳамкории кишоварзии инфиродӣ ва ҳукуматро мавриди муҳокима қарор доданд. Шариф Саид аҳамияти лоиҳаро зикр намуда, аз мақоми Палатаи савдо ва саноат дар амри ҳамкорӣ бо бахши инфиродӣ ба манзури дастгирии фермерҳо ва ассотсиатсияҳо ҷиҳати дарёфти мушорикон, содироти маҳсулоти кишоварзӣ бо усули иштирок дар ярмаркаи намоишгоҳҳо иттилоъ дод. Ҷонибҳо ҳамчунин масоили дастрасии фермерҳо ба захираҳои молиявӣ, таъминот бо тухмию нурӣ, дастрасӣ ба техникаи хурди кишоварзиро муҳокима намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






