Раиси шаҳри Ваҳдат ба ҳамкорӣ даъват мекунад

Декабрь 26, 2013 11:27

Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат 10 январи соли 2014 соҳибкорони ватанию хориҷӣ, тоҷирон ва шахсони дорою сарватмандро барои фаъолияти пурсамару густурда дар тамоми соҳаҳо даъват менамояд. Аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ба АМИТ «Ховар» доданд, барои рушду нумӯи соҳибкорӣ, бахусус, соҳибкории истеҳсолӣ, дар шаҳри Ваҳдат имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Роҳбарияти шаҳр онҳоеро, ки мехоҳанд корхонаю муассисаҳои гуногуни истеҳсолӣ, аз қабили корхонаҳои сохтмонӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, коркарди пахта, истеҳсоли матоъ, истеҳсоли пойафзолбарорӣ, корхонаи дӯзандагӣ, аз ҷумла, дӯхтани либосҳои кӯдакона ва барои калонсолон, бунёди боғҳои ҳозиразамон ва биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар ҷойи биноҳои кӯҳна бунёд кунанд, ҳаматарафа дастгирӣ менамояд. Аз ҷумла, барояшон ҷиҳати бунёди корхонаҳои гуногун дар мавзеи мувофиқ қитъаи замин ҷудо намуда, дигар шароитҳои заруриро муҳайё менамояд.

Декабрь 26, 2013 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш