Рушди соҳибкорӣ дар Кӯлоб

Декабрь 23, 2013 11:31

Кӯлоб, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Ф.Мадаминов).- Соли 2013-ум барои сокинони шаҳри Кӯлоб соли комёбию дастовардҳо ва пурфайзу бобаракат мебошад. Аз ин лиҳоз баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар соҳаи соҳибкорӣ корҳои назаррас ба чашм мерасанд. Дар робита ба ин дар маҳаллаи Ҷумъа Алии шаҳр боз се иншооти маркази хизматрасонӣ ба фаъолият шуруъ кард. Инҳо маркази фурӯши таҷҳизоти компютерӣ, қисмҳои автомобилӣ ва дорухона мебошанд. Дар ин марказҳо зиёда аз 10 нафар шаҳрванд бо ҷои кори доимӣ таъмин гардид. Соҳибкорон ният доранд, ки минбаъд ба мардум хизмати хуб намуда, сатҳи иқтисодиётро боз ҳам баланд бардоранд.

Декабрь 23, 2013 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш