Сӯхтор дар «Кавсар»

Декабрь 27, 2013 11:01

Душанбе, 27 декабр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). — 25 декабри соли равон дар анборхонаи ҶДММ «Кавсар», ки ба шаҳрванд Носир Самадов тааллуқ дорад, сўхтор ба амал омад. Ҳангоми сўхтор дар масоҳати 150 метри мураббаъ қисман дохили анборхона ва як адад камераи мушоҳидавӣ, инчунин 30 адад лўлаи карбос сўхтааст. Сабаби сўхтор расиши кўтоҳи ноқилҳои барқӣ буда,гунаҳгор роҳбари ҶДММ «Кавсар» дониста шудааст. Маблағи зарар 19250 сомонӣ ва маблағи эмин нигоҳдоштаи оташнишонон 900516 сомониро ташкил медиҳад.  Инчунин дар манзили истиқоматии шаҳрванд Зиёев Қурбоналӣ, сокини кўчаи Деҳи боло, хонаи 78-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сўхтор ба амал омад. Ҳангоми сўхтор дар масоҳоти 30 метри мураббаъ болопўш ва молу амволи хона сўхта зарар дид. Сабаби сўхтор беназорат гузоштани таҷҳизоти барқӣ буда, гунаҳгор ҷияни соҳибхона Умед Исмоилов, хонандаи синфи 9 мебошад. Зарар аз сўхтор 1400 сомониро ташкил дода, молу мулки аз тарафи оташнишонон эмин дошта ба 15000 сомонӣ баробар аст.

Декабрь 27, 2013 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ