Сафари ҳайати АНМН ба вилояти Свердловски ФР
Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Ҳайати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии директори Агентӣ Рустам Назаров дар ҳошияи сафари хидматӣ ба шаҳрҳои Федератсияи Русия бо сардори Раёсати Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовари Русия дар вилояти Свердловск Михаил Каган мулоқот анҷом дод. Назар ба хабари Агентии назорати маводи нашъаовар, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкорӣ барои ҷилавгирии қочоқи маводи нашъаовар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русияро мавриди муҳокима қарор дода, мавзӯи ҷилавгирии муштараки фаъолияти гуруҳҳои муташаккили ҷинояткорро баррасӣ намуданд. Роҳбари Агентӣ дар ҷараёни сафари хидматӣ бо роҳбарони ҷамоаҳои Тоҷикистон воқеъ дар ҳудуди вилояти Свердловск низ мулоқот анҷом дод, ки зимни он таҷрибаи мусбати ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақа мавриди муҳокима қарор гирифта, дурнамои ҳамкории минбаъда ҳам дар сатҳи минтақавӣ ва ҳам дар сатҳи байнидавлатӣ муайян карда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






