Сафари ҳунармандони тоҷик ба Уммон

Декабрь 24, 2013 13:55

Душанбе, 24. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- 23 декабри соли 2013 бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Базморо» ҳайати ҳунармандони тоҷик барои иштирок дар Фестивали байналмилалии «Кишварҳои Осиёи Марказӣ» ба шаҳри Маскати Салтанати Уммон сафар намуданд. Тавре ки сармутахассиси маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Раҳматулло Раҳматуллоев иттилоъ дод, ба ҳайати гуруҳ ҳунармандони ансамбли давлатии рақсии «Зебо», ансамбли рақсии «Базморо» ва гуруҳи мутрибон шомиланд. Мавриди ёдоварист, ки моҳи феврали соли равон ҷониби Тоҷикистон дар ин фестивали байналмилалӣ ширкат намуда, ҳунарнамоии санъаткорони тоҷик аз ҷониби тамошобинон хуб пазируфта шуда буд. Фестивали мазкур аз 23 декабр то 29 декабри соли равон идома меёбад.

Декабрь 24, 2013 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш