Шӯрои сайёри ҷумҳуриявӣ
Турсунзода, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Дар шаҳри Турсунзода Шӯрои сайёри ҷумҳуриявии Созмони талабагии ба номи Исмоили Сомонии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷамъомад раиси Шӯрои Созмони талабагии ноҳияи Ваҳдат З.Табарова, раиси Созмони талабагии ноҳияи Тавилдара Г.Абдуллоева, раиси Созмони талабагии ноҳияи Рӯдакӣ Р.Шобуддинова ва дигарон сухан гуфтанд. Байни раисони шӯро мубодилаи афкор ва табодули таҷрибаи ҳамдигар сурат гирифт.Меҳмонон бо кори Созмони талабагии литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии шаҳри Турсунзода шинос гардиданд. Созмони талабагӣ, ки алҳол дар бисёр шаҳру ноҳияҳо бо номи Маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият дорад, дар кори таълим ва тарбияи насли наврас, касбу ҳунаромӯзии кӯдакону наврасон саҳми арзанда дорад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






