Соли нав хонаҳо чароғон мешаванд!

Декабрь 31, 2013 11:48

Душанбе, 31 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Дар рӯзҳои иди солинавӣ аҳолии Тоҷикистон бидуни реҷа бо нерӯи барқ таъмин мегардад. Дар ин бора роҳбари маркази матбуоти ҶСКХ «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод. Мувофиқи суханони номбурда, муваққатан бекор намудани маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ аз соати 6:00 – и 31 декабр то соати 23:00 1 январ идома меёбад. Дар ин муддат интиқоли барқ дар ҳудуди Тоҷикистон барои ҳамаи истифодабарандагони он бидуни маҳдудият сурат мегирад.Аз 2 январ ба минтақаҳо аз рӯи ҷадвали пештар тасдиқшуда ҳар шабонарӯз баробари 9 соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад. Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон реҷаи нерӯи барқ аз охири моҳи октябри соли равон ҷорӣ шуда буд. Мувофиқи ҷадвал, ҳар рӯз интиқоли барқ барои истифодабарандагони минтақаҳои кишвар аз соати 09:00 то соати 17:00 ва аз соати 22:00 то соати 05:00 қатъ мегардад. Реҷаи истифодаи нерӯи барқ ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кулоб, Қурғонтеппа, Турсунзода ва Чкаловск дахл надорад.

Декабрь 31, 2013 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд