Тағйирот ба лоиҳаи қонун «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»

Декабрь 18, 2013 10:49

Душанбе, 18 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон-Маҷлиси намояндагон тасмим дорад, то ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» тағйиру иловаҳо ворид намояд. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон дар Душанбе баргузор гардид, матраҳ шуд.  Аъзои Шӯро дар ҷаласа ҳамзамон лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ», «Дар бораи Ассотсиатсияи истифодабарандагони об», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуданд. Ҳамзамон нақшаи доир намудани муҳокимаҳои парлумонии Маҷлиси намояндагон дар соли 2014 муҳокима шуд. Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва дигар аъзои Шӯро роҷеъ ба масъалаҳое, ки дар рӯзномаи ҷаласа пешниҳод гардидаанд, табодули назар намуда, бобати такмил додани онҳо андешаҳои ҷолиб баён доштанд.

Декабрь 18, 2013 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд