Табрикномаи бо даст навишта кайфияти дигар дорад

Декабрь 28, 2013 10:50

Хоруғ, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Шасту се фисади даромади Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи тоҷик» дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз ҳисоби обунашавӣ ба рӯзномаву маҷаллаҳо ба даст меояд. Ба гуфтаи сардори «Почтаи тоҷик» Маъруф Шоҳниёзов даромади боқимонда аз хизматрасонии алоқаи почта, яъне фиристондани муросилот: мактубҳои оддӣ, супоришӣ ва арзишнок, ирсоли бастаҳо ва ё бандеролҳои оддӣ ва супоришӣ- қимматнок ва равонак ё посилка ҷамъ мешавад. Хизматрасонии алоқаи почтавӣ аз рӯи нархномаи тасдиқшудаи хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба амал бароварда мешавад. Ба гуфтаи танзимгари нуқтаи хизматрасонии алоқаи почта Дилафрӯз Содиқова Хадамоти алоқа метавонад муросилоти почтаро дар зудтарин фурсат ва осону дастрас ба суроғаҳои дархостии шаҳру навоҳии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва хориҷи кишвар расонад. Ба ғайр аз муросилоти почтавӣ алоқаи почта молҳои дафтардорӣ, табрикномаҳои рангоранг ва лифофаҳои гуногунро ба мизоҷон пешкаш мекунад. Боймамад Алибахшов, яке аз муштариёни алоқаи почта гуфт, ки агарчанде акнун бештари паёму тарбикот ба дӯстону наздикон тавассути воситаҳои электронӣ расонда мешавад, аммо ироаи табрикномаи бо даст навишта ба гирандаи он кайфияти дигаре мебахшад.

Декабрь 28, 2013 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд