Тадбирандешӣ баҳри пешгирии сӯхтор

Декабрь 19, 2013 09:35

 
      Хоруғ, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Бо фаро расидани фасли сармо истифода аз бухориҳои барқӣ дар манзилҳои истиқоматӣ ва идораву муассисаҳо ба маротиб зиёд гардидааст ва ин амал  эҳтимоли сар задани сӯхторро дар пай дорад. Ба қавли сардори Хадамоти оташнишонии ВМКБ Анвар Шолангаров аксари сӯхторҳо маҳз дар фасли сармо сар мезананд ва  аксарияташон як сабаб доранд, ки ин истифодаи нодуруст ва ғайристандартӣ аз бухориҳои барқӣ мебошад. Яке аз дигар иллатҳои зуд паҳн гаштани сӯхтор бо масолеҳи пластикӣ рӯпӯш кардани девор ва фаршу боми биноҳо аст. 
         Ба гуфтаи сардори Хадамоти оташнишонии вилоят дар даҳ моҳи соли равон дар  ҳудуди вилоят 29 ҳодисаи  сӯхтор  ба  қайд гирифта шуда, ба хоҷагии вилоят беш аз як миллион сомонӣ хисорот оварда шуд.  
       Сӯхторе, ки ба наздикӣ дар бинои   мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа рух дод,    зиёда аз 360 ҳазор сомонӣ  зарар дар пай дошт.  Гузашта аз  ин,  да р натиҷаи ҳодисаи мазкур ду  нафар  сӯхторнишон-  Шероз Раҷабмамадови  32- сола  ва Амруд Дӯстназарови  27- сола   ҷони худро аз даст доданд. 
Сардори хадамоти мазкур гуфт, ки алъон тамоми тадбирҳоро андешида истодаанд, то  чунин ҳодисаҳои номатлуб сари вақт пешгирӣ шаванд. 
 
.

Декабрь 19, 2013 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш