Таъиноти кадрӣ

Декабрь 13, 2013 16:41

Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии як қатор шаҳру ноҳияҳо, Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомоту сохторҳо тағйироти кадрӣ амалӣ намуд.  Раҳмоналӣ Амиров аз вазифаи Раиси шаҳри Исфара озод карда шуда, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Ваҳдат таъин гардид. Ба вазифаи иҷрокунандаи Раиси шаҳри Исфара Даврон Зоҳидов таъин карда шуд. Имом Мирзоев иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Файзобод ва Амирбек Маҳмадалиев иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Ёвон таъин карда шуд.Саидбурҳон Абдураҳмонов иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Дарвоз таъин гардид. Маҳмадсаид Пиров Муовини якуми вазири фарҳанг, Аъламхон Наимӣ Муовини вазири молия, Искандар Раҷабов Муовини Вазири корҳои дохилӣ ва Ҷӯрахон Зоиров Сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ таъин карда шуданд. Ҳамчунин сардорони як қатор раёсатҳои сохтории Вазорати корҳои дохилӣ ва шуъбаҳои зиёди он дар шаҳру ноҳияҳои кишвар иваз карда шуданд.Чанд тағйироти кадрии дигар дар мақомоти амният ва назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ҳам Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншударо ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан, давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва муомилаю муоширати сазовор бо мардуми ҷумҳурӣ ҳидоят намуд.

Декабрь 13, 2013 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад