Тасдиқи лоиҳаи нави бонки умумиҷаҳонӣ дар соҳаи тандурустӣ
Душанбе, 19 декабр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). — Бо қарори Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» тасдиқ карда шуд.
Тавре ки дар Хадамоти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд, лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» дар 8 ноҳияи вилоятҳои Хатлону Суғд бо ҳаҷми умумии 23 млн. доллари ИМА дар давоми солҳои 2014-2019 амалӣ мешавад. Аз ҷумла, аз ҳисоби маблағҳои Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 15 млн. доллари ИМА, Хазинаи инноватсионии трастии натиҷаҳои рушди соҳаи тандурустӣ 4,8 миллион доллари ИМА ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3,2 млн. доллари ИМА пешбинӣ шудааст. Мақсади лоиҳа баланд бардоштани сифат ва дастрасии хизматрасонии тиббию санитарӣ ба аҳолии як силсила ноҳияҳои вилояти Хатлон ва Суғд ба воситаи ворид намудани усулҳои муосири маблағгузории соҳаи тандурустӣ мебошад.
Бояд зикр намуд, ки дар 24 муассисаи сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, ки ба зиёда 1 млн. аҳолии ноҳияҳои Спитамен, Ҷ. Расулов, Мастчоҳ, Ғончии вилояти Суғд ва Ёвон, Ҷ. Румӣ, Фархор, Ҳамадонии вилояти Хатлон хизмати тиббию санитарӣ мерасонанд, корҳои сохтмонию барқароркунӣ ва бо дастгоҳҳои муосири тиббӣ таҷҳизонидани онҳо пешбинӣ шудааст. Дар баробари ин, дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур бозомӯзӣ ва таълими мунтазами зиёда аз 800 нафар мутахассисони соҳа дар назар аст.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






