Тоҷикписар машъали Бозиҳои олимпии Русияро бардошт

Декабрь 27, 2013 16:10

Хоруғ, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Варзишгари тоҷики муқими шаҳри Кемеровои Русия Алидод Исмоилов бо як гуруҳи шахсиятҳои маъруфи соҳаи фарҳангу варзиши ин кишвар машъали Бозиҳои олимпии Сочиро бардошта, онро дар хиебонҳо гардиш дод.  Аз миёни шаҳрвандони собиқи шӯравӣ ба Алидод Исмоилов насиб гашт, ки ин машъалро бардорад. Ин ҷавони чилсолаи тоҷик дар деҳаи Сорчи ноҳияи Роштқалъа ба дунё омадааст. Дар Кемерово дар ҳайати тими волейболи «Локомотив»-и Новокузнетск ҳунарнамоӣ карда, ба гирифтани унвони номзад ба Устоди варзиши Русия сазовор гардид. Баъди чанд муддат ба ӯ маоми шаҳрванди ин кишвар дода шуд.

Декабрь 27, 2013 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад