Вакилони Маҷлиси Намояндагон дар Туркия

Декабрь 4, 2013 10:59

Анқара, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).- Ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз панҷ нафар бо роҳбарии Сафаралӣ Раҷабов, раиси Кумита оид ба иқтисод ва молия бо мақсади омӯзиш ва шиносоӣ бо фаъолият ва кори бахши молия ва буҷаи Парлумони Ҷумҳурии Туркия ба шаҳри Анқара омаданд. Ҳайатро вакилон Сафаралӣ Гулов, муовини раиси Кумита оид ба иқтисод ва молия, Лутфулло Саидмуродов, муовини раиси Кумита оид ба маориф ва фарҳанг, Бег Қурбонов, муовини раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ ва Ашӯрбек Расулов, аъзои Кумита оид ба иқтисод ва молия ҳамроҳӣ мекарданд. Аввалин мулоқоти вакилони тоҷик бо Котиби генералии Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Ирфон Назироғлу баргузор гардид. Дар мулоқот Ирфон Назироғлу гуфт, ки зимни сафар маълумотҳои муфид матраҳ мешаванд. Дар Маҷлис истифодаи технологияҳои муосир,аз ҷумла интернет, торномаҳои иҷтимоӣ, медиа ва хидматрасонии паёмҳои кӯтоҳ(смс) хеле хуб ба роҳ монда шудаанд. Худи ҳамон рўз вохӯрии гуруҳи корӣ бо Левент Кочак, сардори Раёсати таҳлилии Кумита оид ба банақшагирӣ ва буҷет баргузор гардид. Зимни вохўрӣ сардори Раёсат вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистонро бо кори раёсати худ шинос карда, ба онҳо маълумотҳои муфассалро пешниҳод намуд. Баъдан вохўрӣ бо Ҳасан Феҳмӣ Кинай, раиси Кумитаи муассисаҳои давлатӣ низ баргузор гардид. Раҷабов Сафаралӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ оид ба иқтисод ва молия ба Ирфон Назироғлу барои даъват ва имкони баргузор намудани вохўрӣ бо вакилони Парлумони Ҷумҳурии Туркия миннатдории ҳайати вакилони МНМО ҶТ-ро баён намуд. Бо камоли эҳтиром бояд зикр намуд, ки халқҳои тоҷику турк мардуми ҳамдину ҳаммазҳаб буда, фарҳангу таърихи муштараку адабиёт ҳам доранд, ки онро дар мисоли Мавлонои Румӣ метавон дид. Робитаҳои фарҳангии байни Тоҷикистону Туркия таърихи хеле тӯлонӣ доранд. Роҳи бузурги Абрешим дар гузаштаи начандон дури таърихӣ ҳудудҳои кунунии ду мамлакатро ба ҳам пайваста, дар бунёд ва раванди тиҷорат миёни кишварҳои шарқу ғарб нақши босазое бозидааст.Баъди соҳибистиқлол шудани ҶТ,Ҷумҳурии Туркия яке аз авалинҳо шуда, истиқлолияти тоҷиконро шинохта, бо он робитаҳои дипломатӣ барқарор намуд.Соли 1993 байни ҳукуматҳои ду мамлакат Созишнома оид ба ҳамкории тиҷоратию иҷтисодӣ ба имзо расонда шуд, ки ин иқдом ба рушди соҳаҳои иктисодиёт, савдо, хизматрасонӣ, саноат ва сохтмон дар Тоҷикистон такони ҷиддӣ дода, барои таҳкими ҳуқуқии шартномавӣ ҷиҳати ҳамкории субъектҳои ду кишвар замина гузошт. То имрӯз 65 созишномаи байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ ба имзо расонида шудааст, ки 14- тои он хусусияти иқтисодӣ дорад. Имрўзҳо дар қаламрави Тоҷикистон 53 ташкилоти муштараки тоҷикию туркӣ ба қайд гирифта шуда, фаъолият мекунанд.Мақсади асосии сафари ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагони МО ҶТ- ин омўзиши таҷрибаи босамари Парлумони Туркия дар раванди идораи молияи давлатӣ ва ба роҳ мондани фаъолияти кумитаҳои буҷетӣ ҷиҳати таҳлили босифати лоиҳаи буҷети давлатӣ ва татбиқи он мебошад. Аз рӯи нақша ҳайати Тоҷикистон гузаронидани якчанд мулоқоту суҳбатҳоро бо намояндагони Парлумони Чумҳурии Туркия, Кумита оид ба буҷет, Вазорати молия, Раиси палатаи ҳисоб ва дигарон, ки дар соҳаи молияи давлатӣ фаъолият бурда истодаанд, дар назар дорад.

Декабрь 4, 2013 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд