Вохӯрии Қодири Қосим бо Муҳаммад Зубайр
Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Вохӯрии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим бо раиси Шӯрои сармоягузории Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Зубайр 11 декабр дар Душанбе доир гардид. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз кумита иттилоъ доданд, дар рафти мулоқот ҳамкориҳои дуҷониба дар самти сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба ҷониби Покистон доир ба самтҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, қонунгузории ҷории танзимкунандаи фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, тавсифномаи кутоҳи лоиҳаҳои самоягузорӣ, имконият ва иқтидорҳои сармоягузорӣ ва нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал манзур шуд. Ҳамзамон аз доираҳои сармоягузорӣ ва соҳибкории Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷиҳати иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварда шуд. Раиси Шӯрои сармоягузории Ҷумҳурии Исломии Покистон перомуни ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика, савдо, саноат, сохтмон ҳавасмандӣ зоҳир намуда, пешниҳод намуд, ки муносибатҳои минбаъдаи шарикона миёни ҷонибҳо, хусусан дар самти энергетика тақвият дода шаванд. Дар доираи сафари раиси Шӯрои сармоягузории Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Зубайр ба Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин баргузории вохӯриҳо бо мақомоти давлатӣ вобаста ба соҳаи энергетика ва инчунин боздид аз як силсила иншоотҳои гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Дар фарҷоми вохӯрӣ байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои сармоягузории Ҷумҳурии Исломии Покистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






