10 млн. сомонӣ изофанависии марказҳои идораи лоиҳаҳо

Январь 17, 2014 10:42

Душанбе, 17 январ. (АМИТ»Ховар» Муқаддас Кушакова).-Давоми соли сипаригашта Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубриза бо коррупсия бо мақсади таъмини назорат вобаста ба амалӣ гардидани истифодабарии самараноки маблағҳои сармоягузорӣ ва қарзҳо, ки бо кафолати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб шудааст, тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагидории 31 марказҳои идораи лоиҳаҳои инвеститсиониро ба анҷом расонид, ки дар маҷмўъ 10,7 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид. Аз Агентии мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки зарарҳои молиявӣ дар МД «Маркази идораи лоиҳаҳо оид ба ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва рушди устувори соҳаи пахтакорӣ» ба маблағи 4 млн. 236,0 ҳазор сомонӣ, Маркази татбиқи лоиҳаҳои «Сохтмони роҳи автомобилгарди Шоҳон-Зиғар» марҳилаи 3 ва «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кўлоб-Қалайхумб» 1 млн. 442 ҳазор сомонӣ, Лоиҳаи «Таҳсил барои ҳама-ташаббуси рушди босуръат (марҳилаи 3) 718,5 ҳазор сомонӣ, МД «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнегетика» 710,5 ҳазор сомонӣ, Маркази идораи лоиҳаи «Рушди инфраструктураи маҳаллӣ дар ҷумҳурӣ” 671,9 ҳазор сомонӣ, «Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо» лоиҳаҳои «Барқарорсозии роҳи Душанбе сарҳади Узбекистон» 593,4 ҳазор сомонӣ ва МД Маркази идораи «Лоиҳаи идоракунии захираҳои обии водии Фарғона» 592,3 ҳазор сомонӣ ошкор шуданд, ки онҳо асосан аз ҳисоби изофанависии ҳаҷми корҳои таъмиру сохтмонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ, хароҷотҳои ғайриқонунӣ ва маблағҳои кам ҳисобнамудаи андозҳо ба амал омадаанд.Дар рафти тафтишу санҷишҳо маблағи зарар пурра барқарор карда шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудию норсогиҳои ошкоргардида ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва вазорату идораҳои дахлдор пешниҳодот ирсол шуд.

Январь 17, 2014 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд