Ҳимояи рисолаи докторӣ дар синни 80-солагӣ

Январь 3, 2014 16:01

Душанбе 3 январ. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева)— Нусратулло Каримов муаллифи бештар аз 100 мақолаву воситаи таълимӣ, ду китоби дарсӣ-«Истифодаи сарою мошину тракторҳо» ва «Асосҳои тармими сарою мошину тракторҳо ва масолеҳшиносӣ» мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ 3 нафар рисолаҳои илмии хешро дифоъ намудаанд, — зикр шуд дар конфронси илмӣ-амалии «Дастовардҳои навтарини масолеҳи композитсионӣ ва хулаҳо дар соҳаи мошиншиносӣ», ки имрӯз ба ифтихори 80-солагии профессор, устоди факултаи технология ва соҳибкории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Нусратулло Каримов баргузор шуд. Тавре ки котиби матбуоти Донишгоҳи омӯзгорӣ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод, дар оғози конфронс, ки бо ширкати меҳмонон аз дигар макотиби олии кишвар ҷараён гирифт, декани факултаи мазкур Гавҳар Мухторова пиромуни фаъолият ва зиндагиномаи Н.Каримов муфассал сухан ронда, саҳми ӯро дар пешрафт ва тараққиёти соҳаи мошинсозӣ арзанда ва чашмрас арзёбӣ намуд. Дар такя бар қавли Гавҳар Мухторова, профессор Н.Каримов натиҷаи заҳмати беш аз 50-солаи хешро ҷамъбаст карда, онро барои ҳимояи рисолаи докторӣ пешниҳод намудааст. Умед аст, ки дар наздиктарин рӯзҳо аз ин боб муждаи нек хоҳад расид.

Январь 3, 2014 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд