Ҷоизадорон номбар шуданд

Январь 6, 2014 12:12

Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар»).- Федератсияи футболи шаҳри Душанбе дар маросими вохӯрӣ бо кормандони фаъоли шаҳр натиҷаи солро ҷамъбаст карда, ҷоизадорони мавсими гузаштаро номбар намуд. Ҳамлагари дастаи «Султони Кабир» Далер Наимов унвони бозингари беҳтарини пойтахт дар соли 2013 – ро ба даст овард. Раиси Федератсияи футболи шаҳри Душанбе Дилшод Ҷӯраев дар бораи кори дар соли 2013 иҷрошуда ва дурнамои мавсими оянда гузориш дод. Аз ҷумла, зикр гардид, ки Федератсияи футболи пойтахт дар мавсими гузашта барои рушди футболи бачагона ва оммавӣ, футболи хурд, футболи донишҷӯён ва мусобиқоти дигар саъю кӯшиши зиёдеро ба харҷ дод.Роҳбари дастаи «Султони Кабир» Давлат Саидов мураббии беҳтарин дар шаҳри Душанбе, Ҳикмат Фузайлов аз Академияи «Истиқлол» довари беҳтарин дониста шуда, мураббии дастаи «Энергетик» Одил Каримов бо мукофоти «Барои саҳм ба рушди футболи бачагона» сарфароз шуд. Бозингари дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва дастаи «Бонки миллӣ» Шерзод Ҷумъаев унвони беҳтарин бозингари футзали шаҳри Душанберо ба даст овард. Собиқ ҳамлагари дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон Холмурод Зардов сазовори довари сол дар пойтахт гардид.

Январь 6, 2014 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд