500 кг маводи нашъаовар куҷо шуд?
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).- 24 январ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури комиссия аз ҳисоби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суд ва воситаҳои ахбори омма маводи нашъаовар аз рӯи 3 парвандаи ҷиноие, ки нисбат ба онҳо мақомоти судӣ ҳукм баровардаанд, сӯзонида шуданд. Дар оташдони махсуси агентӣ зиёда аз 144 килограмм маводи нашъаовар, аз ҷумла, 43 килограмму 598 грамм героин, 3 килограмму 400 грамм афюн ва 97 килограмму 360 грамм маводи нашъаовари гурӯҳи бангдона нест карда шуд. Тавре ки аз хадамоти матбуоти агентӣ хабар доданд, маводи нашъаовари мазкур аз тарафи кормандони агентӣ дар ҷараёни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ мусодира гардид. Тибқи иттилои агентӣ соли 2013 ҳамагӣ 2 маротиба ба миқдори умумии қариб 500 килограмм маводи нашъаовар аз тариқи сӯзонидан нобуд карда шуд.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






