Афзоиши истеҳсоли маҳсулот дар Фархор
Фархор, 6 январ. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Дар ноҳияи Фархор истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сол аз сол афзоиш меёбад. Ба иттилои сармеъмори ноҳия Саидобид Ҳафизов корхонаҳои саноатии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ ба миқдори 101781,9 ҳазор сомонӣ маҳсулотҳои саноатӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 93546,6 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 108,8 %-и нақшаро дар бар мегирад. Саноатчиёни ноҳия ба миқдори 7338,7 тонна нахи пахта, 583,3 тонна равған, 797,5 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 8159 тонна орд, 27,7 тонна калобаи ришта ва дигар маҳсулотҳои мубрами рӯз истеҳсол намуда, дар бозорҳои дохилӣ ба фурӯш бароварданд. Мувофиқи нақшаи амал оид ба таъсиси корхонаҳои саноатӣ дар ЧТ барои солҳои 2012-2013 сохтмони 7 корхона, аз ҷумла корхонаҳои коркарди шир, истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, ресандагӣ, дӯзандагӣ, консервабарорӣ ва пахтатозакунӣ ба итмом расида, дар соли ҷорӣ дар ноҳия ба истифода додани 5 корхонаи саноатии дигар дар назар аст.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






