Баистифодадиҳии ду коргоҳи нав дар корхонаи чиниворӣ
Турсунзода, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Тамоми сокинони шаҳр баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 80-солагии таъсиси шаҳри Турсунзода сайю кӯшиши беандоза доранд, — иброз дошт раиси шаҳри Турсунзода Бобоалӣ Табарзода зимни нишасти матбуотӣ.
Моҳи январи соли оянда аз таъсиси шаҳри Турсунзода (собиқ Регар) 80 сол сипарӣ мегардад. Бо ин мақсад кулли сокинон бо даъвати раиси шаҳр ба корҳои ободонию созандагӣ камари ҳиммат бастаанд. Аз ҷумла, яке аз деҳқонони асил ҳоҷӣ Неъмат Усмонов барои сарсабзию ободонии шаҳр 5 ҳазор дарахти арча тақдим кардааст. Ин ташаббуси ўро дигар соҳибкорони боҳиммат низ идома дода, баҳри дастгирии бошандагони Хонаи кўдакон, Хонаи пиронсолон ва дигар шахсони ниёзманд кўмаки худро мерасонанд.
Тибқи иттилои раиси шаҳр рўзҳои наздик дар корхонаи чиниворӣ 2 коргоҳи дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, 300 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин хоҳад шуд.
Зиндагии шоиста ба ҳар инсон, ободию сарсабзии Ватан – ҳадафи асосии роҳбарияти олии сиёсии мамлакат аст. Хушбахтона, дар шаҳри Турсунзода теъдоди шахсоне, ки бо меҳнати ҳалоли хеш соҳиби сарвату обрўянд, хеле зиёд аст.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






