Барқарории робитаи ҳамкорӣ бо JICA

Январь 10, 2014 08:52

Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар»).- Абдуҷаббор Раҳмонов, ректори Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ 9-уми январи соли ҷорӣ бо роҳбари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) Казуя Суэта мулоқот намуд. Сарвари таълимгоҳ зикр кард, ки чанде қабл «Барномаи рушди донишгоҳ барои солҳои 2014-2019» таҳия гардид, ки яке аз нуктаҳои муҳими он густариши равобити ҳамкорӣ бо ширкатҳои бурунмарзӣ мебошад. Маърифатгоҳи мо имкон ва ҳуқуқ дорад, ки дар заминаи ин барнома ва дигар асноди тасдиқнамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ бо созмонҳои хориҷӣ робитаҳои дуҷонибаро дар самтҳои мухталиф ба роҳ монад. Тавре ки котиби матбуоти Донишгоҳи омўзгорӣ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод, ректор А.Раҳмонов, ҳамзамон, изҳор дошт, ки: «JICA дар рушди соҳоти гуногуни мамлакати мо, хосса, соҳаи маориф саҳми арзанда гузоштааст. Бо дастгирии молиявии ин ширкат макотиби миёнаи зиёде бунёд гардиданд, ки мавриди истифода қарор доранд. Итминони комил дорем, ки ҳамкориҳои мо густариш хоҳанд ёфт».Роҳбари JICA К. Суэта дар навбати хеш пиромуни самтҳои фаъолияти муассисаашон маълумоти муфассал ироа кард. Дар такя бар қавли ў, JICA дар Тоҷикистон дар самтҳои тараққиёти деҳот, тандурустии занону кӯдакон, таъмини оби нӯшокӣ ва нақлиёт фаъолияташро амалӣ мекунад, ки ин ҳама иқдомот дар вилояти Хатлон ва водии Ҳисор амалӣ мешаванд. Ҳамчунин рушди захираҳои инсонӣ яке аз ҳадафҳои JICA аст. Вобаста ба амалигардии ин мақсад дар айни ҳол ду лоиҳа мавриди амал ҳастанд, ки стипендия барои муҳассилин, фиристодани хизматчиёни давлатӣ ба Ҷопон барои омўзиш ва ташкили курсҳои кўтоҳмуддат аз нуктаҳои асосии ин лоиҳаҳо мебошанд.

Январь 10, 2014 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд