Беш аз 1000 ҷинояти пинҳонро мақомоти прокуратура ошкор карданд
Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Бо дастгирии Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар соли 2013 беш аз 18,3 ҳазор ҷиноят (аз ин 5 116 аз тарафи мақомоти прокуратура) ба қайд гирифта шуд, ки 1 740 адад назар ба соли 2012 зиёд мебошад. Тибқи иттилои Прокуратураи генералии ҶТ, аз ин 1 114 ҷинояти пинҳон аз тарафи мақомоти прокуратура ошкор гардид. Манбаъ афзуд, ки холо ҳам ҷиноятҳои пинҳон зиёд мебошанд ва дар соли 2014 ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода мешавад.Зиёд сабт гардидани ҷиноятҳо аз фаъолияти самараноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаҳодат медиҳад. Лекин, афзоиши ҷиноятҳое, ки пешгирии онҳо ба мақомоти давлатӣ вобастааст, низ ба мушоҳида мерасад. Аз ҷумла, ҷиноятҳои куштор, қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ, қаллобӣ , авбошӣ зиёд шудаанд, ки ин боиси ташвиш мебошад. Ин ҳолатҳо дар ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба чашм мерасанд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






