Боз як бонки нав дар ҷумҳурӣ

Январь 4, 2014 11:04

Душанбе, 4 январ. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). — 3 январи соли равон дар ҷумҳурӣ шумораи бонкҳои низоми бонкии мамлакат як адад афзоиш ёфта, миқдори онҳо ба 17 адад баробар шуд.  Бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2014 Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ташкилоти амонатии қарзии хурд “Спитамен Капитал” ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Спитамен Бонк” табдил дода шуда, ба вай иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дода шуд. Ба ибораи дигар, дар низоми бонкии мамлакат боз як бонки нав ба фаъолият шуруъ кард. Тавре ки аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, тибқи қарори мазкур барои ба вазифаҳои роҳбарикунандаи бонки навтаъсис таъйин намудани мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи бонкӣ ризоият дода шуд.

Январь 4, 2014 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш