Чаро донишҷӯ даст ба савдои мухаддирот мезанад?

Январь 29, 2014 11:09

Душанбе, 29.01.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар ҷараёни амалиёти кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КДАМ ҶТ) 21 январи соли ҷорӣ дар ҳудуди кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрвандони ҶТ Одинаев Муҳиддин Шоабдураҳмонович, соли таваллудаш 1993, зодаи ноҳияи Мир Сайд Алии Ҳамадонӣ, тоҷик, муҷаррад, донишҷӯи соли 2-юми факултаи маркетинги Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, к. Борбад-72 ва Раззоқов Фирдавс Фарҳодович, соли таваллудаш 1993, зодаи ноҳияи Мир Сайд Алии Ҳамадонӣ, тоҷик, муҷаррад, донишҷӯи соли 3-юми факултаи омодагии дифои Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, к. Федин-8 дастгир гардиданд. Ҳангоми азназаргузаронии макони қарордошти шахсони мазкур аз дохили сумкаи варзишии мутааллиқ ба Фирдавс Раззоқов 2 бастаи селофанӣ бо маводи ҷигарранги бӯи махсусдоштаи монанд ба чарс дарёфт ва мусодира шуд.
Аз маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни тафтиш муайян шуд, ки Муҳиддин Одинаев 1 бастаи маводи мухаддирро ба шаҳрванд Давлатов Беҳрӯз Нусратуллоевич, соли таваллудаш 1991, ҷойи таваллудаш ноҳияи Данғара, тоҷик, муҷаррад, донишҷӯи соли 4-уми факултаи гӯштингирии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон фурӯхтааст. Дар навбати худ, Беҳрӯз Давлатов дар асоси маслиҳати пешакӣ ин маводи нашъадорро ба шаҳрванд Абдуллозода Ҳусейни Иброҳим, соли таваллудаш 1991, сокини ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи  Рудакӣ, маълумоташ миёна, муҷаррад, ронандаи мошини кироя ба савдо задааст. Зимни идомаи амалиёт Абдуллозода Ҳусейни Иброҳим боздошт гардида, аз ҳуҷраи истиқоматии ӯ 1 бастаи маводи мухаддир дарёфт ва мусодира гардид.
Ҳамин тавр, дар натиҷаи амалиёти мазкур аз дастгиршудагон Муҳиддин Одинаев, Фирдавс  Раззоқов, Беҳрӯз Давлатов ва Ҳусейн Абдуллозода дар маҷмӯъ 2 килограмму 662 грамм маводи мухаддири навъи чарс мусодира гардида, ҳаракатҳои ҷиноятии онҳо бобати ба даст овардани даромади муфт аз харидуфурӯши маводи мухаддир пешгирӣ шуд.
Дар айни замон нисбат ба ашхоси мазкур  бо дастрасии моддаи 200 қ.З КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ давом дорад.
Мавриди зикр аст, ки қочоқ ва харидуфурӯши маводи нашъадор ба амнияту суботи ҷомеа, рушди давлатдорӣ ва пешрафти ҳар як кишвар хатари бевосита дорад. Мутаассифона, баъзе аз ҷавонони мо ба ҷойи таҳсили дуруст ва ба роҳ мондани зиндагии шоиста даст ба ин ҷинояти вазнин мезананд. Сохторҳои дахлдори мамлакат, аз ҷумла раёсати мактабҳои олӣ бояд ба ин масъала таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.

Январь 29, 2014 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад