Дар дорухона бояд мутахассис кор кунад

Январь 11, 2014 11:30

Хоруғ, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Солҳои охир шумораи дорухонаҳо ва нуқтаҳои доруфурӯшӣ дар шаҳри Хоруғ ва маркази ноҳияҳо ба таври бесобиқа афзоиш ёфтанд. Сабаб он аст, ки доруфурӯшӣ соҳаи сердаромад маҳсуб мешавад ва шахсони касбу кори гуногун ҳар чӣ бештар ба ин намуди фаъолият рӯ меоранд. Аммо Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар ВМКБ ба дунболи санҷиши назоратӣ ба дари чанд дорухона дар шаҳри Хоруғ муҳр зад. Ҳамзамон ин хадамот соли равон аз дорухонаҳо ба миқдори бештар аз 40 ҳазор сомонӣ доруворӣ ва маводи ороишии шубҳанокро мусодира намуд.   Ба гуфтаи роҳбари хадамот Зуҳро Олимшоева тибқи қонун ба фаъолияти фармасевтӣ танҳо ашхосе, ки мутахассиси соҳаи фармесевтӣ мебошанд, машғул шуда метавонанд. Аммо бархе аз ашхосе, ки ба доруфурӯшӣ дар дорухонаҳо машғул ҳастанд, иддао мекунанд, ки онҳо таҷрибаи кофии кор дар муассисаҳои тиббӣ доранд ва на камтар аз мутахассиси фармасевт доруҳоро медонанду барои ҳамин ҳам ба доруфурӯшӣ машғул мешаванд. Вале роҳбари хадамот чунин тарзи муносибат ба доруфурӯширо нодуруст ва ғайриқонунӣ шумурда, гуфт, ки вазифаашон на танҳо фурӯхтани дору аст, балки онҳо бояд аз хосият ва тарзи истифодаи дору огоҳӣ дошта бошанд. Дар шаҳри Хоруғ 22 ва умуман дар вилоят 58 дорухона ба мизоҷон хизмат мерасонанд. Вале бештари дорухонаҳо мутахассисони фармасевт надоранд. Ба гуфтаи роҳбари Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар ВМКБ ҳадафи санҷишҳои назоратӣ ба танзим даровардан ва ба қонун мутобиқ сохтани фаъолияти фармасевтӣ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят буда, онҳо бовар доранд, ки пурзӯр намудани назорат барои боз ҳам боло бурдани сифати хизматрасонӣ дар дорухонаҳо мусоидат мекунад , то афроде, ки ба фаъолияти фармасевтӣ машғул ҳастанд, битавонанд ба таври касбӣ дорувории дармонбахшу арзон ва сифатан аълоро ба мардум пешниҳод кунанд.

Январь 11, 2014 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд