Даромади солонаи «Тоҷикматлубот» чӣ қадар аст?
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). — Ҳиссаҷудокунӣ аз ҳама намуди андоз ба буҷети кишвар зиёда аз 38 млн. сомониро ташкил намуд, ки назар ба соли 2012-ум 6,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ 27 январ раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Сироҷиддин Валиев иттилоъ дод. Вай афзуд, ки даромади умумии нақшаи бадастомада — 124,4 млн. сомонӣ, афзоиши он нисбат ба соли гузашта 13 млн. сомонӣ зиёд аст. Ҳаҷми умумии муомилоти чаканаи мол дар ин давра 149 млн. сомонӣ буда, нисбат ба соли сипаришуда 2,2 млн. сомонӣ зиёд иҷро шудааст.Ба иттилои масъулин, корхонаҳои истеҳсоли соҳа ба маблағи 26 млн. сомонӣ молу маҳсулот истеҳсол кардаанд. Аз ҷумла, истеҳсоли маводи ғизоӣ 25 млн. сомониро ташкил дод.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






