Дарвоз: Баррасии фаъолияти солона
Хоруғ, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Ҷаласаи ҷамъбасти сол бо ҳузури муовини раиси вилоят Исрор Исроров ва роҳбарони корхонаву муассисаҳои ноҳияи Дарвоз дар маҷлисгоҳи мақомоти маҳаллии ноҳия доир гардид. Дар он масъалаҳои рушди соҳаи иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2013-ум ва дурнамои рушди сохторҳои мақомоти маҳаллӣ барои соли 2014-ум мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ҷаласаи ҷамъбастии ноҳияи Дарвоз раиси ноҳия Саидбурҳон Абдураҳмонов аз фаъолияти солонаи рушди соҳаи иқтисодию иҷтимоии ноҳия маълумот дод. Ба гуфти раиси ноҳия ба хотири рушди соҳаи соҳибкорӣ дар давоми соли гузашта аз ҳисоби намояндагии бонкҳои давлатию ғайридавлатии ҳудуди ноҳия 12 миллион сомонӣ қарзҳои кутоҳмуддат дода шуданд, ки ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 70 дар сад зиёд мебошад. Дар робита ба рушди соҳаи иқтисодию иҷтимоии ноҳия зикр гардид, ки дар давоми соли 2013 аз рӯи ҳамаи сарчашмаҳои даромади худӣ 34 миллион сомонӣ барои сохтмони иншоотҳои қаламрави ноҳия масраф шудааст. Бунёди бинои истиқоматии 24 ҳуҷрадор дар маркази ноҳия, майдони варзишӣ барои 1400 ҷойи нишаст , ба фаъолият шуруъ кардани корхонаи “Санги мармар», сохтмони хатти оби нӯшокӣ, варзишгоҳи қалъаи Хусейн ва сохтмони яслӣ-боғча дар маркази ноҳия, чаҳор бунгоҳи тиббӣ, хатти обгузар дар деҳаи Зев аз дастовардҳои соҳаи иқтисодӣ дар як соли пеш дониста шуданд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






