Дастаи «Истиқлол» мураббиашро иваз кард

Январь 13, 2014 16:38

Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Олег Ширинбеков, сармураббии дастаи «Истиқлол», ки тобистони соли гузашта ба ин вазифа таъйин шуда буд, аз мақомаш барканор гардида, ба ҷои ӯ Мубин Эргашев мураббии дастаи «Истиқлол» таъйин шуд. Тавре ки дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи кишвар хабар додааст, Эргашев моҳи феврали соли гузашта ба унвони сармураббии дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд таъйин шуда буд ва то ин замон дар ин вазифа фаъолият дошт. Шоҳрух Саидов, раиси дастаи “Истиқлол” сабаби барканории Ширинбековро дар “иҷро нашудани вазифаҳо” унвон кардааст. Ба гуфтаи мавсуф, бо қарори Федератсияи футболи Тоҷикистон дастаҳои Лигаи олиро танҳо мураббиёне сарварӣ хоҳанд кард, ки муҷаввизи дараҷаи “А” доранд. “Ширинбеков танҳо иҷозатномаи дараҷаи “Б”-ро дорад ва ин имкон намедиҳад, ӯ сармураббии дастаи “Истиқлол” бошад”. Дастаи “Истиқлол” барои ҳамкорияш ба Олег Ширинбеков изҳори сипос карда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъда муваффақият хостааст. Ёдрас мешавем, ки Олег Ширинбеков, собиқ ҳимоятгари дастаи пуровозаи “Помир”, моҳи июли соли 2013 сармураббии нави дастаи “Истиқлол”-и Душанбе таъйин шуд. Ӯ соли 1963 дар ноҳияи Шаҳринав таваллуд шуда, Устоди варзиши собиқ ИҶШС (1987) мебошад.

Январь 13, 2014 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ