Эҳёи олимпиада ба манфиати варзишгарони наврас аст

Январь 28, 2014 11:52

 
           Хоруғ, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ВМКБ ба хотири рушди варзиш ва таҳкими дӯстӣ миёни наврасону ҷавонон ният дорад олимпиадаи мактаббачагони вилоятро аз нав эҳё намояд.
Ба гуфтаи дастурдиҳандаи мактаби варзишии шаҳри Хоруғ   Пайшанбе Вазирбеков  нақшаи баргузории чунин чорабинӣ ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ   ироа шуда, онҳо бовар доранд, ки кумита  онро дастгирӣ  мекунад. Хароҷоти баргузории мусобиқаи  варзишӣ байни макотиби шаҳр 78 ҳазор сомонӣ  пешбинӣ шудааст.
Ба гуфтаи Пайшанбе Вазирбеков аз аввали солҳои 90-ум  сар карда, бар асари камбуди молиявӣ мусобиқаҳои варзишӣ байни макотиби ноҳияҳои вилоят  умуман баргузор нашуданд. Вале бо дастгирии масъулини собиқи мақомоти шаҳрдорӣ онҳо тавонистанд, тайи ин муддат чор маротиба мусобиқаҳои варзиширо байни макотиби шаҳр  гузаронанд. Олимпиадаҳои варзишӣ ба эҳёи варзиш дар вилоят такони ҷиддӣ мебахшанд ва чеҳраҳои нави варзиширо  ба майдон хоҳанд овард,- изҳор дошт Пайшанбе Вазирбеков.
 
 

Январь 28, 2014 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд