Эътимод ба бонкҳо дар Бадахшон меафзояд

Январь 4, 2014 12:01

Хоруғ, 4 январ. (АМИТ «Ховар» Файз Мирасан) .-Бино ба иттилои шуъбаи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ дар соли 2013-ум муҳоҷирони меҳнатӣ бештар аз 55 миллион доллари амрикоӣ ба бонкҳои вилоятӣ интиқол доданд. Муҳоҷират яке аз самтҳои асосии фаъолияти иҷтимоии давлат буда, аз ҳисоби он ҳамасола маблағи муайян барои хешовандону наздикони муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар хориҷи кишвар кор мекунанд, ба ватан ирсол мешавад. Ба иттилои масъулини шуъбаи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хоруғ ба пешгӯиҳо дар бораи коҳиши маблағҳои интиқолӣ нигоҳ накарда, муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли 2013 бештар аз 55 миллион доллари амрикоӣ барои хешону наздиконашон интиқол доданд, ки нишондиҳанда дар қиёс бо соли гузашта зиёдтар аст. Дар ҳамин ҳол дар маркази вилоят дар баробари бонкҳои амалкунанда марказҳои хизматрасонии нави бонкӣ кушода шуданд. Маркази хизматрасонии «Соҳибкорбонк» дар арафаи Соли нав ба фаъолият пардохт. Мудири бонки мазкур Зуҳурбек Назаршоев гуфт, ки афзоиш ва густариши хизматрасониҳои бонкӣ дастрасии мизоҷонро ба сандуқи қарзӣ ва гирифтани маблағҳои интиқолӣ осонтар мегардонад. Дар ҳамин ҳол ба иттилои масъулини «Агроинвестбонк» на фақат маблағҳои интиқолӣ аз хориҷи кишвар, балки интиқоли маблағ дар дохили кишварамон низ афзоиш ёфтаанд ва шаҳрвандон ҳарчи бештар дар интиқоли пул аз хизматрасонии бонкӣ истифода мебаранд.

Январь 4, 2014 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш