Фунт аз муомилот гирифта мешавад?
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).- Бонки Англия эълон намуд, ки аз 30 апрели соли 2014 пули коғазии 50 фунти намунаи куҳнаро, ки дар он акси Ҷон Хаублон тасвир ёфтааст, аз муомилот мебарорад. Пулҳои номбурда то рӯзи нишондодашуда дар муомилот озод гардиш мекунанд. Дар давоми якчанд моҳи баъд аз муомилот баровардани онҳо бонкҳо ва ҷамъиятҳои сохтмонӣ ин пулҳоро ба сифати амонат дар суратҳисоби мизоҷон қабул хоҳанд кард.
Аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки ҳамчунин ташкилотҳои молиявӣ, аз қабили Barclays, RBS, NatWest ва Ulster Bank and the Post Office эълон карданд, ки пулҳои коғазии 50 фунтаи номбурдаро дар ҳаҷми то 200 фунт дар шуъбаҳои худ дар кишварҳои дигар то 30 апрели соли 2014 иваз менамоянд.
Бонки Англия ҳамеша пулҳои коғазии куҳнаи худро иваз хоҳад кард.
Пулҳои коғазии 50 фунтаи нав бо акси Ҷеймс Уатт ва Метю Болтон, ки соли 2011 ба муомилот бароварда шудаанд, дар муомилот мемонанд ва метавонанд ба таври озод истифода шаванд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






