Хутбаи ягонаи ҷумъа дар Миср

Январь 29, 2014 17:50

Душанбе, 29.01.2014. (АМИТ «Ховар»).-  Расонаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Мисри Араб ва дигар кишварҳои минтақа хабар медиҳанд, ки аз 31 январи соли 2014 дар тамоми масҷидҳои ҷомеъи ин давлат хутбаи ягона, яъне хутба дар як мавзӯи мушаххас ҷорӣ карда хоҳад шуд. Дар ин бора қарори Вазорати авқофи Миср қабул гардидааст. Тибқи хабарҳои расида, ҳар моҳ мавзӯи хутба барои намозҳои ҷумъа аз ҷониби Раёсати дини Вазорат таҳия ва дар торномаи он нашр карда мешаванд, то имом-хатибони масоҷид аз рӯи он дар рӯзи ҷумъа баромад кунанд. Масалан, мавзӯъҳои хутбаи моҳи феврал “Нақши ҷавонон дар ҷомеа”, “Умедворӣ ва меҳнат” ва “Ҳифзи муҳити зист ва нақши он дар рушд” муқаррар гардидааст.Ҳамчунин хутбаҳо ва мавъизаҳо аз ин баъд зери назорати доимии Вазорати авқоф гирифта шуда, нисбати ҳар гуна кӯшишҳои истифодаи минбари масоҷид ба манфиатҳои ҳизбию тоифавӣ ва мазҳабӣ қотеона чора андешида хоҳад шуд.Дар Миср 85 ҳазор масҷиди ҷомеъ ва 35 ҳазор масҷиди панҷвақта (аз-Зовия) амал мекунад. Имом-хатиб то ин дам дар хондани хутба озод буда, дар ҳар мавзӯи интихоб кардааш озодона ба маҳзи иродаи худ метавонист ваъз бигӯяд. Вазорати авқоф танҳо дар баъзе муносибатҳо ба онҳо оид ба муҳимтарин масъалаҳои доғи рӯзи байналмилалӣ ва ҳаёти ҷомеа дастурамал содир мекард, то дар хутбаҳои худ роҷеъ ба он сухан гӯянд.Чанде қабл Вазири авқоф д-р Муҳаммад Мухтор Ҷумъа бо назардошти вазъи мураккаби кишвар ва таҳдиду хатарҳои фитнаангезӣ эълон кард, ки тамоми масоҷид таҳти тасарруфи Вазорати авқоф гузошта хоҳанд шуд. Аз ин баъд дар Миср ба масҷидҳое, ки ба ин ё он тоифа тааллуқ доштанд, хотима дода мешавад.То ҳол дар Миср ба ғайр аз масоҷиди расмии тобеъ ба Вазорати авқоф ҳамчунин масоҷиди дигар ба Ҷамоати Ихвонулмуслимин ва ҷараёнҳои мухталифи салафӣ тааллуқ доштанд ва сиёсату манфиатҳои он гурӯҳҳоро ба намозгузорон тарғиб мекарданд.Чи тавре эълон шуд, хутбаи ягонаи ҷумъаи оянда “Ғамхорӣ ва кӯмак ба ниёзмандону фақирон” хоҳад буд.

Январь 29, 2014 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ