Имсол истеҳсоли атлас чӣ тавр ба роҳ монда мешавад?

Январь 31, 2014 11:56

 
Душанбе, 31.01.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).-«Дар Тоҷикистон атлас истеҳсол мешавад, вале ба миқдори хеле кам. Мо ният дорем истеҳсоли ин матоъро хубтар ба роҳ монда, барориши онро зиёд намоем», — гуфт вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобоев 31 январ дар ҷараёни нишасти матбуотӣ.
Вазорат тасмим гирифтааст имсол ба корхонаҳое, ки атлас истеҳсол мекунанд, кӯмаки молиявӣ расонида, шумораи корхонаҳои атласбарориро зиёд намояд. Тибқи иттилои Шавкат Бобоев дар айни ҳол дар анбори «Хуҷандатлас»  тақрибан 30 ҳазор метр матои тайёр мавҷуд аст, вале арзиши аслии он  каме баланд мебошад. Яъне,  нархи он ҳангоми харид гаронтар меафтад. 
«Вале дар оянда дар ин самт бояд кор бурд ва  ҳамаи паҳлуҳои ин масъаларо таҳлил намуд.  Мо имсол ният дорем, ширкатҳоеро ҷалб намоем, ки имконияти  пешпардохт намудани маблағи кори деҳқононро доранд. Соҳибкор бояд кафолати ҳосили тухмии аз хориҷа меовардаашро ба деҳқон диҳад, то дар охир бо баҳонаҳои гуногун аз маҳсулоти тайёр даст накашанд.  Дар чунин ҳол деҳқонон низ барои  кирмакпарварӣ фаъол хоҳанд гашт», — иброз дошт вазир. 
 
 
 
 
 

Январь 31, 2014 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд