Имзои созишнома дар бораи таҳсилоти фарогир

Январь 30, 2014 11:50

 
Душанбе, 30.01.2014. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих).- 29  январ  Ассотсиатсияи  кӯмаку   дастгирии  Ҷопон  ва  Сафорати  ин  кишвар  Созишномаи  бебозгашт  дар  бораи  ривоҷи  таҳсилоти  фарогир  барои  кӯдакони  имконияташон  маҳдудро имзо  намуданд. 
 
Дар  маросими  имзои  созишнома муовини  Вазири  маориф  ва  илми  ҶТ  Тоҷинисо  Маҳмадова  ва Сафири  Чопон  дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Хироюки  Имахаши   ширкат  доштанд. 
 
Тавре  ки аз Ассотсиатсияи  кӯмаку  дастгирии  Ҷопон   ба  АМИТ «Ховар»  хабар доданд,  баъди  додани қарзи бебозгашт  барои  рущди таҳсилоти  фарогири  кӯдакони  имкониятҳояшон  маҳдуд, Ҷопон ба   татбиқи  лоиҳаи  мазкур  шурӯъ  мекунад.  Маблағи  ин  созишнома  329  ҳазор  доллари  ИМА – ро ташкил  медиҳад. 
 
Мақсад  аз  ин  лоиҳа  дастгирии  саъю  кӯшишҳои  Ҳукумати  Тоҷикистон барои рушди  таҳсилоти  фарогир  дар   ҳошияи  татбиқи «Консепсияи  миллии  таҳсилоти фарогир барои  кӯдакони  имкониятҳояшон  маҳдуд  дар  Тоҷикистон барои  солҳои  2011 – 2015»  мебошад. Дар  доираи  лоиҳа  мактабҳои  миёнаи № 28 ва  № 72 – и  шаҳри  Душанбе аз  нав  сохта  мешаванд. 
 

Январь 30, 2014 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд