Изҳороти ВКХ оид ба вазъ дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон

Январь 11, 2014 21:14

Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар»). Ба аҳду паймони дар рафти комиссияи муштараки байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба демаркасия ва делимитатсияи сарҳад (7 январи соли ҷорӣ) дар бораи боздоштани корҳои сохтмонӣ дар роҳи “Кокташ-Оқсой-Тамдик” нигоҳ накарда, 11 январи соли 2014, тақрибан соати 12:20 ба вақти маҳаллӣ, бо истифода аз силоҳи оташфишон ҷониби қирғизистонӣ кӯшиши идома додани корҳои сохтмонӣ дар ҳудуде, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад, кард.  Ҳолати вайрон кардани сарҳади давлатиро мушоҳида карда, марзбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марзшиканон талаби қатъ кардани корҳои сохтмониро карданд. Дар ҷавоб ба талаботи ҷониби тоҷикистонӣ, марзбонони қирғиз, дар теъдоди то 20 нафар, сараввал дашномҳои қабеҳ ба марзбонони тоҷикистонӣ гуфта, баъдан бе огоҳии пешакӣ ба ҷониби онҳо пуршиддат тир кушоданд. Дар натиҷа ду марзбони тоҷик ҷароҳатҳо бардошта, дар ҳоли ҳозир дар беморхонаи ҳарбӣ қарор доранд. Дар ҳолати ночорӣ ва бо мақсади муҳофизат аз ҷони худ марзбонони тоҷикистонӣ дар ҷавоб тир кушоданд. Худи ҳамин рӯз, тақрибан соати 12.20 ба вақти маҳаллӣ, дар ҳудуди ҷамоати Овчӣ-Қалъаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд намояндагони марзбонии постбонгоҳи ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон ба марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик омада, аз марзбонони тоҷикистонӣ талаб намуданд, то бунгоҳи сарҳадбонии худро, ки барои ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуда буд, бардоранд. Мақсади асосии ин талаботи онҳо — ибтидо бахшидан ба корҳои бемувофиқаи сохтмонии роҳи автомобилгарди Кулунду-Максат аз ҷониби Қирғизистон буд. Лозим ба ёдоварист, ки қаблан дар асоси супориши комиссияи муштараки байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба демаркасия ва делимитатсияи сарҳад, 9 январи соли 2014 дар шаҳри Исфара вохӯрии ҳайатҳои байниҳукуматӣ баргузор гардид. Дар рафти вохӯрии дуҷониба масъалаҳои ҳамкорӣ миёни сарҳадбонони ду кишвар ва мақомоти корҳои дохила, бо мақсади муътадил намудани вазъ ва роҳ надодани вазъи низоъбарангез дар маҳалли Исфараю Баткен, ҷониба ба мувофиқа омаданд, ки қитъаҳои алоҳидаи марзи давлатӣ ва маҳали аҳолинишинро дар якҷоягӣ назорат мебаранд. Дар робита ба ин, ҷониби тоҷикистонӣ изҳори нигаронии худро оид ба ҳолати рухдода иброз медорад ва қайд менамояд, ки намоиш ва истифодаи қувва наметавонанд усули ҳалли масъалаҳои мубрам бошанд. Баръакс, ин рафтори ҷониби қирғизистонӣ ба муносибатҳои бисёрасраи бародарона ва ҳамҷавории ду кишвар латма мезананд.

Январь 11, 2014 21:14

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд