Мавсими аввали лоиҳаи «Қайдҳои сафар»
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар»).- Бо ибтикори журналистони мустақил Азиз Хайруллоев ва Иззат Мирзоев 27 январ лоиҳаи иҷтимоию ватандӯстонаи «Қайдҳои сафар: made in Tajikistan» оғоз ёфт.
Журналистони созмондиҳандаи ин лоиҳа ҳар мавсим ба яке аз минтақаҳои кишвар сафар карда, бо ёдгориҳои таърихию фарҳангии машҳури минтақа ва бо тарзи зиндагии имрӯзаи аҳолӣ шинос шуда, таассуроташонро дар қайдҳои сафар баён мекунанд.
Ба гуфтаи Азиз Хайруллоев, мақсад аз сафари журналистон тарғиби арзишҳои маънавии фарҳанги ғании Тоҷикистон ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик аст.
Лоиҳаи иҷтимоии «Қайдҳои сафар: made in Tajikistan» мавзӯъҳои «Қиссаҳои Суғд», «Бедоршавии табиат» ва «Суруши кӯҳсори Ҷануб» — ро дар бар мегирад.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






