Мулоқот бо адибон дар таътили зимистона

Январь 25, 2014 11:30

Ҳамадонӣ, 25 январ. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Шуъбаи маориф ва мактаби варзишии ноҳияи Ҳамадонӣ барои ҷолиб гузаронидани таътили зимистонаи мактаббачагон маҷмӯи чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, таълимӣ ва варзиширо тарҳрезӣ намуда, даври аввали чорабиниҳоро шуруъ карданд. Ба иттилои мудири шуъбаи маорифи ноҳия Алишер Исоев озмунҳои гуногуни ноҳиявӣ байни мактаббачагон идома дошта, дар кулли мактабҳо машғулиятҳои иловагӣ ҷараён доранд. Бештар мактаббачагон аз фанҳои дақиқ машғулият мегузаронанд ва хонандагони болаёқат ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ омодагӣ мегиранд. Шуъбаи маорифи ноҳия мувофиқи нақша як зумра шоирону нависандагони маъруфи тоҷикро даъват намудааст, ки дар давоми як моҳ бо мактаббачагон вохӯрӣ гузаронанд.

Январь 25, 2014 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд