Мулоқоти Қодири Қосим бо Масару Хонма

Январь 30, 2014 09:29

Душанбе, 30.01.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода). — Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим 28 январ  дар Душанбе  бо директори Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ  Масару Хонма вохӯрд.
Аз Кумитаи сармоягузорӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкорӣ бо ин муассиссаро дар доираи лоиҳаҳо, аз ҷумла таҷдиди системаи қубурӣ ва корезӣ дар шаҳри Хоруғ, сохтани корхонаҳои истеҳсоли обҳои маъдании шифобахш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва тағйири сохтори ШСХК «Барқи тоҷик» ва «Тоҷик Эйр»-ро баррасӣ намуданд. 
Мавриди зикр аст, ки дар айни ҳол дар Тоҷикистон чандин лоиҳа бо дастгирии молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд амалӣ мешавад.
 
 

Январь 30, 2014 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш