Мулоқоти Хайрулло Асоев бо Сун Пун Чан

Январь 4, 2014 12:09

Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Байни вазири нақлиёт Хайрулло Асоев ва директори генералии ширкати хитоӣ «Синсян Бейсин» — оид ба сохтмони роҳу пулҳо Сун Пун Чан ва муовини ӯ Ляо Хэй мулоқоти ташрифӣ 3 январ баргузор гардид. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати нақлиёти кишвар иттилоъ доданд, ҷонибҳо атрофи корҳои таҷдиду сохтмон дар роҳи Айнӣ- Панҷакент (сарҳади Ӯзбекистон) суҳбат оростанд.Вазир муҳим будани сифати корҳоро таъкид намуда гуфт, ки механизми қабули корҳои иҷрошуда дигар хоҳад шуд. «Мо бо назардошти манфиати кишварамон қабули иншооти сохташударо танҳо аз рӯи талаботу меъёрҳо ва сифати корҳо ба роҳ хоҳем монд. Ҳамаи маводи сохтмонӣ дар озмоишгоҳи пажуҳишгоҳи мо санҷида мешаванд. Ман чанде пеш қитъаҳои роҳро санҷидам, ки ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Агар камбудие дар сохтмон ба миён ояд, аз нав иҷро кардани он лозим меояд. Яъне баҳои мо аз рӯи кор ва сифати он дода мешавад»,- иброз дошт вазир.Ҷониби хитоӣ дархостҳои вазирро пазируфта, изҳор дошт, ки дар масъалаи корҳои лоиҳа ба ҳамкориҳои зич омодаанд.

Январь 4, 2014 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд