Мулоқоти Ш. Саид бо дипломати Ҷопон
Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 7 январ раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо Сафири Ҷопон дар ҶТ Хироюки Имахаши мулоқот анҷом дод. Дар ин бора аз маркази матбуоти ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Шариф Саид дар ҷараёни мулоқот зарурати вусъат бахшидани сармоягузории муштарак ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бахши коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва захираҳои табии Тоҷикистон бо истифода аз технологияҳои ҷадид ва таҷҳизоти нави Ҷопон, таъсиси корхонаҳои муштараки ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш ва асалро қайд намуд. Ғайр аз ин зикр шуд, ки Тоҷикистон хоҳони ба даст овардани таҷҳизоти тиббию ташхисӣ мебошад.
Дипломати Ҷопон дар навбати худ қайд намуд, ки вазифаи асосии худро дар рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Тоҷикистон ва тақвият бахшидани ҳамкории мутақобилан муфид мебинад. «Ҳукумати Ҷопон рушди фаъолияти тоҷирони Ҷопон дар бозори Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд», — гуфт Хироюки Имахаши.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






