Оғози расмии фаъолияти маркази гармидиҳӣ бо иштироки Э. Раҳмон

Январь 10, 2014 11:26

Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти қисмати якуми маркази гармидиҳии рақами 2 шаҳри Душанбе оғози расмӣ бахшид. Зикр шуд, ки мувофиқи иқтидори лоиҳавӣ маркази гармидиҳии рақами 2 шаҳри Душанбе 50 мегаватт нерӯи барқ тавлид мекунад. Қаблан Вазорати саноат ва технологияҳои нав хабар дода буд, ки дар оянда ин маркази гармидиҳӣ ба шабакаи ягонаи нерӯи барқи Тоҷикистон пайваст мегардад ва барои фаъолияти пурраи он ҳар моҳ беш аз 22, 3 ҳазор тонна ангишт зарур аст. Гуфта мешавад, навбати дуюми маркази гармидиҳии рақами 2 шаҳри Душанбе дар давоми соли ҷорӣ мавриди истифода қарор мегирад.

Январь 10, 2014 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш