Ошкоркунии зиёда аз 10 ҳазор ҳолати вайронкунии қонуни замин

Январь 21, 2014 11:10

Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова).- Дар нишасти матбуотие, ки имрӯз бо иштироки раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокиров баргузор гардид, зикр шуд, ки соли сипаригардида аз ҷониби мақомоти заминсозии кишвар 10 ҳазору 566 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор шуда, нисбат ба 8 ҳазору 622 ҳолат дастур, 6 ҳазору 895 ҳолат протокол ва 6 ҳазору 913 ҳолат қарорҳои ҷаримабандӣ қабул шуда, ба маблағи 2 миллиону 429 ҳазору 959 сомонӣ ҷарима баста шудааст, ки аз ин шумора 1 миллиону 848 ҳазору 94 сомонӣ ба суратҳисоби Кумитаи заминсозӣ ворид шудааст. Барои чораҷӯӣ 614 мавод ба прокуратура, 1 ҳазору 29 мавод барои ба таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷарима ба судҳо ирсол гардида, 7 ҳазору 267 ҳолати вайронкунии қонуни замин дар маҳалҳо бартараф шудааст.

Январь 21, 2014 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ