Пешгӯии обуҳавошиносӣ 87,6% дуруст мебарояд
Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова).-«Дар соли сипаригардида 23 ҳазору 551 санҷиши комплексӣ, соҳавӣ ва фаврӣ гузаронида шуд»,- иброз дошт Ибодзода Хайрулло, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон. Вай афзуд, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ соли гузашта 5 ҳазору 937 маротиба ташхиси ҳаво гузаронида шуд. Аз маълумот бармеояд, ки 192 пешгӯии 2-3 шабонарӯзӣ тартиб дода шуда, дурустии пешгӯии метрологӣ 87,6 %-ро ташкил дод. Дурустии 37 пешгӯии офати табиӣ метрологӣ 89,5%-ро ташкил дод. Ҳамчунин таъкид шуд, ки соли сипаригардида 804 ҳолати офати табиӣ мушоҳида гардид. Аз 96 дидбонгоҳи мавҷуда, дар 87 -тоаш корҳои санҷиши реҷаи дарёҳо ва дар 42 дидбонгоҳ сарфаи оби дарёҳо чен карда шуда, дурустии пешгӯии гидрологӣ 86 фоизро ташкил дод.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






