Пешниҳоди Шувалов: «Ҷаласаи 13-ум низ имсол баргузор шавад»

Январь 24, 2014 15:47

Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, ки имрӯз дар Душанбе баргузор гардид, бо баимзорасии қарордоди муштараки ҳамкории дуҷониба ба охир расид. Қарордодро аз ҷониби Тоҷикистон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва аз ҷониби Русия ноиби Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Игор Шувалов ба имзо расониданд. Дар охири ҷаласа Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ноиби Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Игор Шувалов, ки роҳбарии ҳайатҳои ду кишварро ба зимма доштанд, аз кори ҷаласа натиҷагирӣ карданд. Дар ниҳоят бо пешниҳоди роҳбари ҳайати Русия Игор Шувалов ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки ҷиҳати таҳкими бештари равобити иқтисодиву тиҷоратии миёни ду кишвар ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар охири соли ҷорӣ дар Русия баргузор гардад. Пас аз расми баимзорасии қарордоди муштарак роҳбарони ҳайатҳо дар ҷамъи намояндагони васоити ахбори омма изҳорот доданд.

Январь 24, 2014 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд