Ричард Ҷонс — намояндаи нав ва доимии БАТР дар Тоҷикистон

Январь 28, 2014 13:56

Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар»).- Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мудири Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) оид ба Осиёи Марказӣ Масару Хонма маҷмӯи масоили вобаста ба ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ниҳоди муътабари молиявӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. 
Баъд аз мулоқот бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мудири Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба Осиёи Марказӣ Масару Хонма,  ки бо мақсади  муаррифии намояндаи нав ва доимии бонк ба Тоҷикистон омадааст, дар суҳбат бо хабарнигорон натиҷаҳои дидору гуфтугӯ бо Президенти мамлакатро судманду созанда хонда, афзуд, ки: «Мо аснои мулоқот ҷиҳати таҳким ва тавсеаи доираи ҳамкориҳо муҳокимаронӣ кардем». 
Хонма афзуд, дар партави тавсияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ду маротиба афзун намудани ҳаҷми маблағгузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба рушди кишвар кӯшиш ба харҷ хоҳад дод. 
Ричард Ҷонс, намояндаи нави доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон дар навбати худ гуфт: «Баҳои Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Бонки аврупоии таҷдид ва рушд маро ба тавсеи минбаъдаи он ҳавасманд намуд».
Қаблан Улф Ҳинстран  ҳамчун намояндаи доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон ифои вазифа мекард. 
  Ҳамчунин гуфта шуд, ки имсол намояндагии бонк аз рўи стратегияи нав ҳамкориҳои худро бо Тоҷикистон ба роҳ мемонад.  

Январь 28, 2014 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад